Имрӯз дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон пешдифои рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Гулов Бахтиёр Сафарович баргузор гардид.
Рисолаи илмии ӯ дар мавзуи «Ташаккули қобилиятҳои муаррифии муваффақонаи салоҳиятҳои касбӣ-инноватсионии донишҷӯён ба корфармоёни эҳтимолӣ дар муҳити иттилоотӣ-рақамикунонии низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10 – назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ) таҳия гардидааст.
Таҳқиқоти мазкур таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, номзади илмҳои техникӣ Ҷаъфарзода Савзалї Файзалї анҷом дода шудааст.
Зимни пешдифоъ унвонҷӯ муҳтавои асосии таҳқиқот, ҳадафу вазифаҳо, навгониҳои илмӣ, аҳаммияти назариявию амалии натиҷаҳои бадастоварда ва хулосаҳои илмии худро муаррифӣ намуд.
Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар рушди иқтидори илмии омӯзгорон, омода намудани кадрҳои илмӣ ва тақвияти фаъолияти таҳқиқотӣ дар донишгоҳ нақши муҳим дорад.
Ба унвонҷӯ Гулов Бахтиёр Сафарович дар идомаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва марҳилаҳои минбаъдаи ҳимояи рисолаи илмӣ барору муваффақият таманно дорем!