Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ, дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дарси маҷозӣ дар мавзуи «Воситаҳои гумрукию андозӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» баргузор гардид.
Дар дарс номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи андоз ва маъмурикунонии андоз, аудит ва таҳлили тиҷорати факултети андози Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия Морковкин Дмитрий Евгеньевич иштирок ва маърӯза намуд.
Зимни дарс маърӯзачӣ доир ба масъалаҳои мубрами низоми андозбандӣ, воситаҳои гумрукию андозии танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва хусусиятҳои татбиқи онҳо дар шароити муосири иқтисодӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар чорабинӣ омӯзгорон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо таҷрибаи илмӣ ва амалии олими даъватшуда шинос шуданд. Ҳамзамон, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас ва тавзеҳоти зарурӣ дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои маҷозӣ дар таҳкими робитаҳои академӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони рақобатпазир нақши муҳим дорад.
Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бо ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ баргузории чунин дарсҳои таълимиро дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ, амнияти киберӣ ва иқтисодиёти рақамӣ идома диҳад.