Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои ғайритахассусӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои мубрами методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла такмили усул ва равишҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон доир ба роҳҳои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим, истифодаи усулҳои интерактивӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ яке аз омилҳои муҳими омода намудани мутахассисони рақобатпазир, тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар таҳкими робитаи илм ва таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ нақши муҳим дорад.