Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо занон вохӯрии омӯзгорзанони донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия ва масъалаҳои иҷтимоӣ, дотсент Мумина Маҳмудзода баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи одоби салому муошират, фарҳанги либоспӯшӣ, истифодаи сару либоси тавсиявӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолонаи омӯзгорзанон дар чорабиниҳои донишгоҳию шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дотсент Мумина Маҳмудзода зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки омӯзгор ҳамчун намунаи ибрат барои насли ҷавон бояд дар баробари дониш ва маҳорати касбӣ ба одоби муошират, тарзи муносибат ва намуди зоҳирии худ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
Ҳамзамон, зарурати риояи сару либоси тавсиявӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ таъкид гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ омӯзгорзанон ба риояи меъёрҳои одоби касбӣ, баланд бардоштани фарҳанги муошират ва саҳмгузорӣ дар таҳкими фазои солими маънавию ахлоқии муассиса ҳидоят карда шуданд.