Ба ифтихори 6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гиромидошти ин санади муҳими тақдирсоз, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ чорабинии бошукӯҳи шаҳрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар фазои тантанавию идона ба таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ ҳамроҳ шуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардида, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва намояндагони муассисаҳои гуногун пешкаши ҳозирин гардид.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии кишвар заминаи устувори давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин омили муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа ба шумор меравад. Дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз саҳми таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.
Иштироки омӯзгорони донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои муҳими ҷамъиятӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!