Шуъбаи барномасозӣ
Таърихи шуъба
Шуъбаи барномасозӣ яке аз сохторҳои муҳими Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, таҳия, дастгирии барномаҳои электронӣ, рақамикунонии раванди таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ мемонад. Шуъбаи барномасозӣ ҷиҳати татбиқи консепсияи “донишгоҳи рақамӣ” ва рушди муҳити электронии таълимӣ саҳми назаррас мегузорад. Шуъбаи барномасозӣ яке аз зерсохтори ДИТРТ ба ҳисоб рафта тибқи низомнома фаъолият карда истодааст. Дар шуъба асоссан 5 – нафар коргар фаъолият менамоянд.
Самтҳои фаъолияти шуъба
Самтҳои фаъолияти шуъба ин омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ, сохтани барномаҳои компютерӣ барои сифатан хуб кардани раванди таълим дар Донишгоҳ, назорати техникаҳои компютерӣ, ба роҳ мондани системаи автоматкунонидашудаи раванди таълим инчунин таҳрири маълумотҳои сомонаи Донишгоҳ мебошад.
Корҳои иҷрошуда
Натиҷаҳои бадастомада
Суръати хизматрасонӣ
Суръат ва сифати хизматрасониҳои электронӣ беҳтар гардид.
Ҳуҷҷатгузорӣ
Истифодаи ҳуҷҷатгузории электронӣ васеъ шуд.
Захираҳои иттилоотӣ
Дастрасии омӯзгорону донишҷӯён осон гардид.
Назорат
Назорати раванди таълим самаранок гардид.