Илм ва таҳқиқот
Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Раёсати илм ва тайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ сохтори асосии донишгоҳ буда, ташкил ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотиро ба танзим медарорад.
Мақсади асосии фаъолияти раёсат — ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Вазифаҳои асосии Раёсат
- Муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон ва донишҷӯён.
- Ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ дар кафедраҳо барои иҷрои лоиҳаҳои бунёдӣ ва амалӣ.
- Таҳияи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои ватанӣ ва хориҷӣ.
- Назорати иҷрои нақшаҳои илмии факултетҳо ва кафедраҳо.
- Ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои илмӣ.
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шурои олимони ҷавон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён.