Дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, бо ташаббуси Созмони ҷавонони донишгоҳ аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Экстремизм ва терроризмро бо ҳама зуҳуроташ маҳкум менамоем» баргузор гардид.
Зимни баргузории аксия ба масъалаҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ғояҳои ифротгароёна, роҳу усулҳои ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои мамнуъ, таъсири манфии таблиғоти экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи оқилонаю мақсадноки фазои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ҷавонон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд, ки дар онҳо маълумоти муҳим оид ба моҳият ва зуҳуроти экстремизм ва терроризм, оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоии иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористӣ, инчунин роҳҳои пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб инъикос ёфта буданд. Мазмуни маводи иттилоотӣ ба баланд бардоштани ҳушёрии ҷавонон, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар самти риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида буд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ бояд ҳушёр ва масъулиятшинос бошанд, ба паёмҳои шубҳанок, даъватҳои ифротгароёна ва маълумоти бардурӯғ бовар накунанд, дурустии иттилооти дастрасшударо аз манбаъҳои боэътимод санҷанд ва аз паҳн намудани маводи дорои мазмуни экстремистӣ худдорӣ намоянд.
Дар баробари ин, зарурати ҳамкории пайвастаи ҷавонон, омӯзгорон, падару модарон ва сохторҳои дахлдор дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм таъкид гардид. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон аз омилҳои муҳими ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ба шумор мераванд.
Чунин иқдомҳои иттилоотию тарғиботӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти масъулияти шаҳрвандии онҳо мусоидат менамоянд.