Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни курси аввали факултети технологияҳои компютерӣ ва амнияти киберӣ баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур бо мақсади шиносоии донишҷӯёни навқабулшуда бо муҳити таълимӣ, низоми таҳсил, талаботу қоидаҳои дохилии донишгоҳ ва имкониятҳои мавҷуда барои азхуд намудани донишҳои муосир ва ташаккули малакаҳои касбӣ ташкил карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи интизоми донишҷӯӣ, иштироки мунтазам дар машғулиятҳои таълимӣ, эҳтиром ба омӯзгорону кормандон, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти аҳаммияти технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, ба масъалаҳои баланд бардоштани саводи рақамӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти киберӣ ва рушди малакаҳои амалии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд аз имкониятҳои таълимӣ ва илмии донишгоҳ самаранок истифода бурда, барои такмили дониш, рушди қобилиятҳои зеҳнию эҷодӣ ва омодагӣ ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ пайваста талош намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ зарурати таҳкими ҳамкории самараноки раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён дар самти баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими интизоми донишҷӯӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибдонишу рақобатпазир таъкид гардид.