Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии маърифатию ватандӯстӣ таҳти унвони «Ҷавонон — посдорони арзишҳои миллӣ ва созандагони ояндаи кишвар» баргузор гардид.
Чорабиниро намояндаи шуъбаи ташкили тарбиявӣ Тураев Қубод ифтитоҳ намуда, оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси маънавии ниёгон ва саҳми насли ҷавон дар пешрафту шукуфоии кишвар ибрози назар намуд.
Зикр гардид, ки фарҳангу маънавиёт аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти инсон ва рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳифзи забон, таърих, анъана ва суннатҳои миллӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва таъмини пайванди наслҳо аҳаммияти хосса дорад. Дар ин замина, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва идомадиҳандаи анъанаҳои миллӣ вазифадоранд, ки арзишҳои маънавии ниёгонро омӯзанд, ҳифз намоянд ва ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво дар мавзуъҳои «Фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ дар замони муосир», «Мероси маънавии ниёгон — чароғи роҳи имрӯзиён» ва «Ба Ватан баргардонидани хоки қаҳрамонони тоҷик — эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги маънавии миллат» баромад намуданд.
Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат ва масъулияти ҷавонон дар назди Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ яке аз заминаҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон аҳаммияти баргузории чунин маҳфилҳои маърифатию тарбиявиро дар баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.
Чорабинӣ дар фазои маърифатӣ ва ватандӯстона баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихор аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик мусоидат намуд.