Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон маҳфилҳои омӯзиши забони англисӣ бо иштироки ёвари амрикоӣ Лиам Купет идома доранд.
Маҳфилҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донистани забони англисӣ, рушди малакаҳои муошират ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои такмили донишҳои забонӣ миёни донишҷӯён ташкил карда шудаанд.
Дар ҷараёни машғулиятҳо донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми ихтисосҳои марбут ба кафедраи забонҳои муосири хориҷӣ дар муҳити дӯстона ва интерактивӣ иштирок намуда, малакаҳои забонии худро такмил медиҳанд. Истифодаи усулҳои муосири таълим, суҳбатҳои амалӣ ва машқҳои гуногуни забонӣ ба рушди малакаҳои гуфторӣ, ғанӣ гардидани захираи луғавӣ ва баланд бардоштани эътимоди донишҷӯён ҳангоми муошират бо забони англисӣ мусоидат менамояд.
Маҳфилҳо ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе, соати 10:00, дар толори китобхонаи донишгоҳ баргузор мегарданд.
Баргузории чунин маҳфилҳо қ