17 октябри соли 2026 роҳбарияти Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон донишҷӯёни ғолиби олимпиадаи байналмилалиро дар назди даромадгоҳи донишгоҳ бо тантана ва самимияти хосса пешвоз гирифт.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 14–18 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардид. Дар доираи форуми мазкур, 16 октябр, олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯйи равияҳои гуногун доир шуд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи мазкур ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
🏆 Ҷойи якум
Мирзоев Рамазон, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-400301 — «Зеҳни сунъӣ», аз рӯйи равияи «Барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ» дар байни 181 нафар иштирокчӣ сазовори ҷойи якум гардид.
🏆 Дастоварди арзанда
Амрохонзода Дилафрӯз, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1-210601 — «Забонҳои муосири хориҷӣ», аз рӯйи равияи «Забони англисӣ» ба натиҷаи назаррас ноил гардид.
Ба ифтихори ин дастовардҳои арзанда роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯёни ғолибро дар назди даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо тантана пешвоз гирифта, муваффақиятҳои онҳоро қадршиносӣ намуд.
Дастовардҳои мазкур натиҷаи донишандӯзии пайваста, заҳмату талош ва қобилияти баланди зеҳнии донишҷӯён буда, дар муаррифии иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Раёсати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон донишҷӯёнро ба муносибати ин муваффақиятҳо самимона табрик гуфта, дар роҳи таҳсил, фаъолияти илмӣ ва ба даст овардани пирӯзиҳои нав барору комёбиҳо орзу менамояд.