БА ТАВАҶҶУҲИ ДОНИШҶӮЁН, ОМӮЗГОРОН, ҶАВОНОН ВА ТАМОМИ ШАҲРВАНДОНИ АЛОҚАМАНД!
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён, омӯзгорон, ҷавонон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки 5 сентябри соли 2026 дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушодаи шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳти унвони AI ALLEY («Хиёбони зеҳни сунъӣ») баргузор мегардад.
Фестивал аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, аз соати 17:00 то 22:00 идома меёбад.
Дар доираи фестивал ширкатҳои IT, стартапҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мактабҳои IT, таҳиягарон ва дигар намояндагони соҳаи технологияҳои рақамӣ дастовардҳо ва лоиҳаҳои худро муаррифӣ менамоянд.
Барномаи чорабинӣ фарогири намоиши технологияҳои муосир, муаррифии лоиҳаҳои инноватсионӣ, мастер-классҳо, лексияҳои кӯтоҳ, машғулиятҳои амалӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ мебошад.
Макон: боғи «Куруши Кабир», шаҳри Душанбе
Сана: 5 сентябри соли 2026
Вақт: 17:00–22:00
Донишҷӯён, омӯзгорон, ҷавонон ва ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар фестивали AI ALLEY даъват менамоем.