СОХТМОН ВА САРМОЯГУЗОРӢ: БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДИТР
Бо ташаббуси кафедраи муҳандисӣ ва инфрасохтори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар толори китобхонаи донишгоҳ дар мавзуи «Нақши сохтмон дар рушди равандҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Мизи мудаввар бо мақсади баррасии нақши соҳаи сохтмон дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва таҳкими инфрасохтори кишвар ташкил карда шуд.
Зимни баргузории чорабинӣ иштирокдорон масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сохтмон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди бунёди иншоот ва таъсири рушди инфрасохтор ба пешрафти иқтисодиёти миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки соҳаи сохтмон яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармоя нақши муҳим дорад. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, масолеҳи сохтмонии босифат ва усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо метавонад ба баланд бардоштани самаранокии сармоягузориҳо мусоидат намояд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни муҳокимаҳо ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокдорон атрофи масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати таҳкими донишҳои касбӣ, рушди тафаккури инноватсионӣ ва густариши ҳамкориҳо дар самти омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳандисиву иқтисодӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати иқтисодии донишҷӯён, тақвияти донишҳои соҳавӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.