3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шан оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мавзуии «Сармоягузорӣ ба пешрафти технологӣ, зеҳни сунъӣ ва пайвастагии рақамӣ» Хуршед Мирзо оид ба ташаббуси «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030), Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, маҷмааи IT-Hub Dushanbe, долони рақамии Тоҷикистон – Чин ва платформаи миллии «Биниши рақамӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, зимни баррасии дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ се самти афзалиятнок пешниҳод гардид: роҳандозии тиҷорати фаромарзӣ дар асоси истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ташкили барномаҳои муштараки таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон ва истифодаи иқтидорҳои ҳисоббарории «сабз»-и Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои минтақа.
Дар фарҷоми суханронӣ омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъкид гардид.
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ имконияти муҳим барои муаррифии дастовардҳо, ташаббусҳо ва иқтидори кишвар дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди инноватсия ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ба шумор меравад.