Иштирок дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
5 октябри соли 2026
5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду бонангу номуси шаҳри Кӯлобро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои созандаи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ — соҳиб шудан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр — ноил гардид. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кишвари рӯ ба рушд ва дорои мавқеи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро, аз ҷумла бунёду таҷдиди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба таври назаррас беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро самараи истиқлолу озодӣ ва меҳнати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб, арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи пурғановат ва гузаштаи пурифтихори худ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Сокинони ин шаҳри бостонӣ рисолати муқаддаси меросбарии таъриху тамаддуни ҷаҳониии миллати тоҷикро бо сарбаландӣ идома медиҳанд.
Ба таъкиди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон таҳти унвони «Хутали қадим» далели эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон мебошад.
Зимни ёдоварӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназири мардуми сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон, махсусан ҷавонмардони ғаюру далер ва бонангу номуси шаҳри Кӯлобро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати содиқонаву созандаи сокинонаш ба таври назаррас ободу пешрафта гардида, симои он куллан дигаргун шудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 дар маҷмуъ 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Танҳо 5 октябр дар шаҳри Кӯлоб 51 иншооти нав, аз ҷумла 15 корхонаи истеҳсолӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 2500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр дар маҷмуъ 1 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, айни замон татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар шаҳри Кӯлоб айни ҳол 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолӣ низ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин, ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин муддат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, бахусус дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён намуданд.
Президенти кишвар, ҳамчунин, доир ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва оҳан, аз ҷумла роҳи оҳани Бохтар—Кӯлоб ба масофаи 132 километр, таҷдиду навсозии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, бунёди пулҳои мошингузар дар масири Гулистон—Кӯлоб, гузоштани санги асос барои оғози сохтмони роҳи Гулистон—Кӯлоб ба дарозии 33 километр, роҳи таворавии Кӯлоб—Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 12 километр ва сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб минбаъд низ расму ойин, суннату анъанаҳои миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, раванди созандагиву бунёдкориро бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватандорӣ идома дода, дар роҳи ободии диёри худ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли маҳбуб ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ барномаи идонаи фарҳангиву консертӣ баргузор гардид.
Чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ аз суруду рақсҳои дилнишин ва намоиши рангини театрикунонидашуда иборат буд.
Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз эҷодиёти шоирони хушкалом ва оҳангсозони шинохта сурудҳои худро дар васфи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати пойдор, забони давлатӣ, Пешвои миллат ва дигар муқаддасоту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пешкаши иштирокдорон намуданд.
Барномаи идона бо мазмуну муҳтавои баланд, иҷрои ҳунармандонаи аҳли фарҳанг ва намоишҳои рангини саҳнавӣ ба чорабинии ҷашнӣ шукӯҳи хоса бахшида, хотири иштирокдоронро шод гардонид.