ДАР ДОНИШГОҲ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
19 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас барномаи тантанавии он идома пайдо намуд.
Дар қисми расмии чорабинӣ суханони табрикотии роҳбарияти Донишгоҳ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, нақши истиқлолият дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ имконияти мусоиди рушди давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаро фароҳам овардааст.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии идона пешниҳод гардид. Ҳунармандони муассиса бо суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу барномаҳои саҳнавӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Ҳамчунин, ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ наворҳои видеоии инъикоскунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар намоиш дода шуданд.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои баланди идона ва эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз барномаи омодашуда таассуроти нек бардоштанд.
Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.