Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Маросими идона бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор оғоз ёфта, сипас бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома пайдо кард.
Қисмати тантанавии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Аминҷон Ҳусейнзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ мавқеи Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Дар идомаи барнома бахши фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандону ҳаваскорони ансамбли «Нури Ваҳдат»-и донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаи рангини ҳунарӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.
Чорабинии мазкур дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.