Мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба таъриху фарҳанги куҳанбунёд, анъанаҳои неки давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди худшиносиву ватандӯстӣ ҳамасола 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Ин сана, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мақоми расмӣ гирифтааст, дар радифи ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ қарор дошта, таҷассумгари эҳтиром ба институти президентӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон ва қадршиносӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Таҷлили ин рӯзи фархунда моро ба андешаронӣ дар бораи роҳи пуршебу фарози тайкардаи давлату миллат, арзиши истиқлолияти давлатӣ, аҳаммияти сулҳу субот ва нақши роҳбарияти олии кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ водор месозад. Зеро таърихи ҳар як миллат аз рӯйдодҳое иборат аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз сарнавишти минбаъдаи онро муайян намуда, барои наслҳои оянда сабақи бузурги таърихӣ мегузоранд.
Барои дарки амиқи аҳаммияти ин санаи таърихӣ зарур аст, ки ба воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва бунёди давлати миллиро пайдо намуд. Аммо, мутаассифона, вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ихтилофҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба рушди муназзами кишвар монеа эҷод намуда, пояҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва ягонагии миллатро зери хатари ҷиддӣ қарор дода буданд.
Дар он рӯзҳои душвор садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк намоянд, иқтисодиёти мамлакат рӯ ба таназзул ниҳод ва фаъолияти бисёр сохторҳои давлатӣ халалдор гардид. Чунин вазъият аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус роҳбарияти сиёсии кишвар, масъулияти бузург, иродаи қавӣ, дурандешӣ ва ҷасорати фавқулода талаб мекард.
Маҳз дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз зарурати ташаккули низоми устувори идоракунии давлатӣ, барқарор намудани сохторҳои ҳокимият, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва ба ҳам овардани неруҳои гуногуни ҷомеа беш аз пеш эҳсос мегардид.
16 ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон саҳифаи нав боз намуда, ба таҳкими сохти идоракунии президентӣ замина гузошт. Аз ҳамон рӯз инҷониб марҳилаи нави ташаккул ва рушди сохти конститутсионии давлат оғоз гардида, масъалаҳои таъмини сулҳу субот, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи иқтисодиёти кишвар ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз марҳилаҳои мураккабтарини таърихи навини Тоҷикистон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, неру ва имкониятҳои худро ба ҳифзи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва барқарор намудани ваҳдати ҷомеа равона намуданд. Иродаи устувори сиёсӣ, хиради давлатдорӣ, сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгирона барои ба ҳам овардани мардуми кишвар дар раванди барқарорсозии сулҳу субот нақши муҳим бозиданд.
Зеро дар он давраи тақдирсоз муҳимтарин масъала на танҳо барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, балки пешгирӣ аз парокандагии миллат, нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум буд. Дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва ҷонибҳои музокироткунанда раванди сулҳи тоҷикон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ оғози марҳилаи нави зиндагии осоишта, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллӣ гардид.
Дар баробари барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ низ яке аз вазифаҳои муҳимми роҳбарияти кишвар ба ҳисоб мерафт. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин самт рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид.
Ин санади олии ҳуқуқӣ заминаи ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварда, принсипҳои асосии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои муҳими рушди ҷомеаро муайян намуд. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади сарнавиштсози давлатӣ барои ташаккули низоми муосири қонунгузорӣ, таҳкими волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон заминаи боэътимод гузошт.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ аз нишонаҳои муҳими ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ мебошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, бунёди роҳҳои автомобилгард, пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ симои мамлакатро ба куллӣ тағйир доданд.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ ба рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ, фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, барои амалӣ намудани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Ин ҳама далели равшани он аст, ки рушди устувори давлат аз сиёсати дурандешона, истифодаи самараноки имкониятҳо ва заҳмати созандаи тамоми шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар имконият фароҳам меорад, ки дар бораи таърихи давлатдории миллӣ, воқеаҳои муҳими солҳои аввали истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ огоҳии бештар пайдо намояд.
Ҳар як шахс бояд дарк кунад, ки истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое нестанд, ки худ ба худ ба даст омада бошанд, балки барои ба даст овардану ҳифзи онҳо талошу ҷоннисориҳои зиёд сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо омӯзиши пайваста, аз худ намудани касбу ҳунар, эҳтиром ба қонун, истифодаи дурусти технологияҳои муосир ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар пешрафти Ватани азиз саҳм гузорем.
Танҳо насли соҳибмаърифат, дорои ҳисси баланди масъулият ва худшиносии миллӣ метавонад дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафтаро ба мерос гузорад.
Мумина Маҳмудзода,
муовини ректор оид ба тарбия ва масъалаҳои иҷтимоии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.