21 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, аҳаммияти таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар шароити рушди босуръати ҷаҳони рақамӣ таъкид гардид.
Иштироки ҳайати донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ба таҳкими робитаҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкориҳои академӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд.