ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ЗЕҲНИ СУНЪӢ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР
Дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ баъзе ташаббусҳо ба оғози марҳилаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ табдил меёбанд. Ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи зеҳни сунъӣ низ аз ҷумлаи чунин иқдомҳои муҳим мебошад.
Аҳамияти ин ташаббус пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки масъалаи зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи баланди рӯзномаи байналмилалӣ бароварда шуд.
Имрӯз зеҳни сунъӣ бо суръати бесобиқа соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсонро тағйир медиҳад. Он метавонад ба рушди илм, маориф, тандурустӣ, иқтисод, энергетика, кишоварзӣ, идоракунии давлатӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд. Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифзи маълумот, киберамният, масъулияти технологӣ ва дастрасии одилона ба технологияҳоро ба миён мегузорад.
Аз ин рӯ, саволи асосӣ танҳо «чӣ гуна зеҳни сунъиро рушд диҳем?» нест, балки «чӣ гуна онро ба манфиати инсон ва рушди устувори ҷомеа истифода барем?» мебошад.
Маҳз дар ҳамин замина ташаббуси Тоҷикистон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Он нишон медиҳад, ки кишварҳои рӯ ба рушд низ бояд дар ташаккули меъёрҳо ва равандҳои нави технологӣ саҳми худро гузоранд. Зеҳни сунъӣ бояд ба воситаи рушди фарогир ва коҳиши нобаробарии рақамӣ табдил ёбад.
Барои Тоҷикистон зеҳни сунъӣ метавонад дар самтҳои муҳими миллӣ - аз ҷумла идоракунии захираҳои об, мониторинги пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, энергетика, кишоварзӣ, пешгӯии равандҳои иқтисодӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва маориф истифода шавад.
Аммо барои истифодаи самараноки ин имкониятҳо танҳо техника кофӣ нест.
Аз ин рӯ, омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳлили додаҳо, робототехника, барномасозӣ ва киберамният бояд аз самтҳои афзалиятнок бошад. Донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ бояд на танҳо истифодабарандаи технологияҳои тайёр, балки муҳити таҳия ва эҷоди технологияҳои миллӣ гарданд.
31 августи соли 2026 дар таърихи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои нав ҳамчун рӯзи муҳим сабт гардид. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ қабул гардид.
Ин қарор танҳо эълони як санаи нав нест. Он эътирофи аҳамияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ дар рушди илм, технология, иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи муосир мебошад.
Барои Тоҷикистон ин рӯйдод аҳамияти махсуси таърихӣ дорад. Зеро ташаббуси пешниҳодшуда аз ҷониби Пешвои миллат ба як иқдоми дорои аҳамияти ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин далели иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология мебошад.
31 август метавонад ҳамчун рамзи саҳми Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ арзёбӣ гардад. Ҳамзамон, ин сана масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро барои истифодаи бехатар, одилона, масъулона ва инсонмеҳвари технологияҳои зеҳни сунъӣ таъкид менамояд.
Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси Тоҷикистонро метавон пайванди дипломатияи муосир, илм, технология ва рушди миллӣ арзёбӣ кард.
Нақши Пешвои миллат танҳо дар пешниҳоди ташаббус ифода намеёбад. Муҳимтар аз ҳама, ташаккули диди стратегӣ мебошад, ки Тоҷикистон бояд дар ҷаҳони босуръат тағйирёбандаи технологӣ мавқеи худро дошта, ба илм, дониш ва иқтидори инсонӣ такя намояд.
Қабули қарор дар сатҳи СММ барои Тоҷикистон имконияти нави густариши ҳамкории байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ, омодасозии кадрҳо ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро фароҳам меорад.
Ҳоло вазифаи муҳим он аст, ки ин ташаббуси байналмилалӣ ба лоиҳаҳои воқеӣ, ҳамкориҳои илмӣ, омодасозии мутахассисони ҷавон ва рушди маҳсулоти миллии рақамӣ табдил дода шавад.
Ташаббуси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки кишвар на танҳо ба ояндаи технологӣ назар дорад, балки мехоҳад дар ташаккули он саҳми худро гузорад. Ин метавонад яке аз қадамҳои муҳими Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди рақамӣ ва рушди устувор бошад.
Сайфиддини Исо,
сармутахассиси раёсати ташкили корҳои ректорати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон