ТАҲАВВУЛИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — МАРҲИЛАИ ТАЪРИХСОЗИ РУШДИ МИЛЛӢ
4 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таҳаввули давлатдории Тоҷикистон дар 35 соли Истиқлол: омилҳо, марҳилаҳо ва дастовардҳо» баргузор гардид.
Дар кори конференсия устодону омӯзгорон, кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дар доираи мавзӯъҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар рафти конференсия таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди кишвар нақши калидӣ дорад.
Маърузаҳои иштирокчиён ба масъалаҳои марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлол, рушди илму маориф, технологияҳои муосир, иқтисоди рақамӣ, сиёсати ҷавонпарварона ва нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шуданд.
Зимни муҳокимаҳо зикр шуд, ки 35 соли Истиқлол танҳо як ҷашни таърихӣ набуда, балки 35 соли созандагӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон мебошад.
Конференсия дар фазои созанда баргузор гардида, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон, инчунин тақвияти мавқеи илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.
Истиқлол — давлатдорӣ, Истиқлол — худшиносӣ, Истиқлол — масъулият барои ояндаи Ватан!