21 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии муҳиму судманд бо донишҷӯён дар доираи татбиқи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар ҳамкории зич бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Федератсияи Россия ва дар шарикӣ бо Technohub доир шуда, ба муаррифӣ ва тавзеҳи барномаи таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳурӣ бахшида шуд.
Дар кори вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд, аз ҷумла:
Онҳо вобаста ба аҳаммият, ҳадафҳо ва самтҳои асосии барномаи таҷрибаомӯзӣ андешаронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, нақши ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа беш аз пеш меафзояд.
Тибқи маълумот, ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 70 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба рушди зеҳнӣ, касбӣ ва инноватсионии онҳо яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Барномаи мазкур:
Дар доираи он зиёда аз 240 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла:
дониш ва таҷрибаи амалӣ андӯхтаанд.
Барнома на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии ҷавонон мусоидат мекунад, балки инчунин:
Дар ҷараёни вохӯрӣ донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки:
Ин мубодилаи афкор ба рушди ҷаҳонбинии касбӣ ва баланд шудани ҳавасмандии ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ мусоидат намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо намунаи равшани ҳамкории муассири давлат, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ба ҳисоб мераванд.
Онҳо дар маҷмӯъ барои:
Масъулин изҳори умед намуданд, ки татбиқи минбаъдаи чунин барномаҳо ба густариши имкониятҳои ҷавонон ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати назаррас хоҳад кард.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/