ИШТИРОКИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Рӯзҳои 25–26 сентябри соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Open Food Innovation University (OFINU)» Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Шаклҳои инноватсионии таҳсилот барои рушди иқтисодӣ ва рушди сармояи инсонӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур бо дастгирии барномаи Erasmus+-и Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун, ташкилотҳои шарик, коршиносон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, рушди шаклҳои инноватсионии таҳсилот, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Дар кори форум намояндагони ҳайати кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои марбут ба рушди шаклҳои муосир ва инноватсионии таҳсилот, такмили сифати омодасозии мутахассисони рақобатпазир, таҳкими робитаи таҳсилот бо рушди иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳм гузоштанд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва таълимӣ, омӯзишу истифодаи усулҳои муосири таълим, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии имконияту иқтидори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, иштироки донишҷӯён дар форуми мазкур ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ, такмили дониш ва малакаҳои касбӣ, шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва таҳкими нақши ҷавонон дар равандҳои инноватсионӣ мусоидат менамояд.
Иштироки ҳайати донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ-таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ арзёбӣ мегардад.