Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои илмии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, санаи 20 апрели соли 2026 бахши «Идораи молия» дар ҳошияи Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2026 бо сатҳи баланд баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба Рӯзи илми тоҷик, инчунин ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (2020–2040) ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Раёсати бахшро номзади илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Акимов С.М. ба уҳда дошта, вазифаи котибиро ассистент Раҳимова М.Н. иҷро намуд.
Дар рафти кори бахш маърӯзаҳои илмии устодон ва донишҷӯён бо мазмуну муҳтавои баланд пешниҳод гардида, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми кори бахш таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ ба рушди тафаккури илмӣ, такмили малакаҳои таҳқиқотӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/