Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон оғози Ҳафтаи илм бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ҳафтаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун як чорабинии муҳими илмӣ-маърифатӣ баргузор шуда, ба муаррифии дастовардҳои илмӣ, рушди тафаккури тадқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ равона мегардад.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии соҳаи илм ва маориф, дар доираи ин ҳафта дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳои дастовардҳои илмӣ ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ ва дар ҳошияи таҷлили Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола дар ҳафтаи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, санаи 20 апрели соли 2026 қисми ифтитоҳии конфронсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид.
Конфронс ба натиҷагирии корҳои илмӣ-тадқиқотии соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2026 бахшида шуда, ҳамзамон ба татбиқи ташаббусҳои давлатӣ, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», 20-солагии рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (2020–2040) ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Дар ҷараёни қисми ифтитоҳӣ натиҷаҳои фаъолияти илмии донишгоҳ дар соли 2025 мавриди таҳлил қарор гирифта, се маърӯзаи илмӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқон пешниҳод ва муҳокима гардиданд.
Мувофиқи барномаи конфронс, рӯзҳои 21–24 апрел дар 9 бахш шунидани 298 мақолаи илмӣ дар назар дошта шуда, инчунин баргузории олимпиадаҳои маҷозӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳафтаи илм ҳамчун майдони муҳими табодули афкор ва муаррифии дастовардҳои илмӣ дар таҳкими иқтидори зеҳнӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши муассир мегузорад.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/