Дар фазои пуршукӯҳу идонаи фестивали ҷумҳуриявии «Яг матову сад ранг», омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона ва намоиши ҳунару истеъдоди баланд, саҳми арзандаи худро дар тарғиб ва рушди фарҳанги миллӣ гузоштанд.
Ҳайати донишгоҳ бо либосҳои миллии зебову рангоранг — чакан, атлас ва адрас, ки ҳар яке бозгӯкунандаи таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва завқи нозуки миллати тоҷик мебошанд, дар роҳпаймоии идона иштирок намуда, ба чорабинӣ ҳусну таровати хоса бахшиданд. Нақшу нигори ҷолиб, ҳамоҳангии рангҳо ва услуби миллӣ таваҷҷуҳи иштирокчиён ва меҳмонони фестивалро ба худ ҷалб намуда, манзараи дилфиребу фаромӯшнашавандаро падид овард.
Омӯзгорзанон, ки ҳамеша ҳамчун намунаи ибрат ва роҳнамо барои насли ҷавон шинохта мешаванд, бо ҳузури фаъолонаи худ дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ аҳамияти эҳтиром ва посдории арзишҳои миллиро таъкид намуда, дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар замири донишҷӯён саҳми назаррас гузоштанд.
Дар баробари ин, донишҷӯдухтарон бо эҳсоси баланди ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва дарки амиқи арзишҳои суннатӣ, зебоӣ ва назокати либоси миллиро бо услуби муосир ва ҷаззоб ба намоиш гузошта, сатҳи баланди фарҳангдорию ҳунармандии худро нишон доданд. Иштироки онҳо собит намуд, ки ҷавонони имрӯза пайравони арзандаи суннатҳои миллӣ буда, дар ҳифз ва рушди онҳо нақши фаъол доранд.
Фестивали «Яг матову сад ранг» ҳамчун минбари муҳими фарҳангӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани завқи зебопарастии ҷомеа аҳамияти бузург дорад.
Дар ин замина, иштироки омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон бозгӯи он аст, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар баробари омода намудани мутахассисони баландихтисос, ҳамзамон дар тарбияи маънавию фарҳангии ҷавонон низ саҳми назаррас мегузоранд.
Бешубҳа, чунин иштироки фаъол ва намунавии ҳайати донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ обрӯ ва нуфузи онро боз ҳам баланд бардошта, барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғиби фарҳанги ғании тоҷикон заминаи мусоид фароҳам меорад.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/