Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии муҳим ва судманд бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода бо хатмкунандагон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ ва густариши хештаншиносии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид карда шуд, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихор аз давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад.
Ректори донишгоҳ зимни суханронии пурмуҳтаво иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа бояд дорои ҷаҳонбинии муосир, дониши амиқ ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ бошанд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тавассути баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон метавон заминаи боэътимоди рушди устувори ҷомеа ва пойдории давлатдории миллиро фароҳам овард.
Дар ин замина, донишгоҳ ҳамчун маркази илму маърифат вазифадор аст, ки дар баробари таълими касбӣ, ба тарбияи шахсиятҳои худогоҳ, масъул ва ватандӯст таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатдорӣ, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ хатмкунандагон бо изҳори андешаҳои худ таъкид намуданд, ки ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ҷиҳати ободии кишвар, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош хоҳанд варзид.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/