Санаи 7 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон вохӯрии сатҳи баланди Ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода бо ҳамоҳангсози лоиҳаи аврупоии ЭРАСМУС+ OFINU, профессори Донишгоҳи илмҳои ҳаёт ва технологияҳои Латвия Ирина Кулитане баргузор гардид.
Зимни ин мулоқоти созанда ҷонибҳо масъалаҳои стратегии густариши ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи академии устодону шогирдон, такмили ихтисоси кадрҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ бо имконияти гирифтани ду диплом (Double Degree) таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ» аллакай натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, ки яке аз онҳо сафари омӯзишии 6 нафар мутахассиси донишгоҳ ба давлати Латвия барои аз худ кардани технологияҳои муосири коркарди маҳсулот мебошад.
Ҳамзамон, ҷалби коршиносон аз Донишгоҳи аграрии Словакия ҷиҳати омӯзиши идоракунии бехатарии озуқаворӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани донишгоҳ бо таҷҳизоти нави технологӣ заминаи моддию техникии таълимро ба куллӣ нав сохт.
Ин иқдомҳо имкон медиҳанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон таҳқиқоти илмиро дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.
Ҷанбаи муҳими дигари ин боздид тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот буд, ки дар доираи он мулоқоти Ирина Кулитане бо роҳбарияти корхонаҳои саноатии «Ориён-Рустам» ва «Ҳикмат» сурат гирифт.
Ин ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро низ дар бар мегиранд, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистонро ба як маркази калидии инноватсионӣ дар минтақа табдил дода, роҳро барои ояндаи дурахшони рақамии ҷавонон боз менамояд.
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/