РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
Бо назардошти муҳиммият ва аҳамияти фарогири рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро тасдиқ намуд, ки дар он асосҳои институтсионалӣ ва самтҳои афзалиятноки истифодаи зеҳни сунъӣ муайян карда шудаанд.
Дар замони муосир рушди инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин равандҳо суръати истеҳсолот ва сифати хизматрасониҳоро баланд бардошта, шакл ва муҳтавои фаъолияти инсонро низ куллан тағйир медиҳанд. Технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки иттилоот бо суръати баланд мубодила шуда, қарорҳои идоракунӣ дар асоси таҳлили дақиқ ва додаҳои бузург қабул карда шаванд. Ҳамзамон зеҳни сунъӣ бо автоматикунонии равандҳои мураккаб, кам кардани хатоиҳои инсонӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ нақши муҳим мебозад.
Дар чунин шароит кишварҳое, ки ба рушди инноватсия таваҷҷуҳи бештар медиҳанд, қобилияти рақобатпазириро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, заминаи устувори рушди иҷтимоию иқтисодиро фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба технологияҳои нав ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар ин соҳа барои ҳар давлат, новобаста аз иқтидори иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва омилҳои дигар барои таъмини ояндаи босубот ва рушди самараноки ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.
Бо инобати ин ҳама далелҳо метавон гуфт, ки имрӯз ҳар кишвари сайёра дар баробари рушди ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва амниятӣ ба рушди технологияҳои рақамӣ эҳтиёҷи аз ҳарвақта бештар дорад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш менамояд, ки дар роҳи рушди соҳаи мазкур ва истифодаи босамари он дар самтҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятӣ гомҳои устувор гузорад.
Аҳамияти стратегии рушди инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат калидӣ ва муҳим ба шумор меравад. Дар ҷаҳоне, ки аксари давлатҳои ҷаҳон аз дастовардҳои соҳаи мазкур бештар дар самти амниятӣ истифода мебаранд, истифодаи ин ҳама навовариҳо дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба маротиб фоидаовар ва саривақтӣ мебошад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир метавонад ба диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, коҳиши вобастагӣ аз бахшҳои анъанавӣ ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат мусоидат намояд. Рақамисозии соҳаҳои гуногун, аз ҷумла хизматрасониҳои давлатӣ, бонкдорӣ ва соҳибкорӣ имконият медиҳад, ки шаффофият баланд гардида, барои соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шавад.
Ақидаҳои гуфташуда дар бораи аҳамияти рушди инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби олимон ва сиёсатмадорони маъруфи ғарбӣ низ пайваста таъкид карда мешаванд. Иқтисоддони амрикоӣ Джозеф Стиглитс таъкид мекунад, ки иқтисодиёти муосир бештар ба дониш ва технология такя мекунад ва кишварҳое, ки ба инноватсия сармоягузорӣ мекунанд, дар рушди устувор бартарӣ пайдо менамоянд. Профессори олмонӣ, асосгузори Форуми байналмилалии иқтисодии Давос Клаус Шваб дар доираи назарияи «Инқилоби саноатии чорум» таъкид менамояд, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо иқтисод, балки сохтори иҷтимоӣ ва низоми идоракунии давлатҳоро тағйир медиҳанд.
Бо ин гуфтан мумкин аст, ки рушди технологияҳои рақамӣ аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ муфиду самараовар буда, дастрасии аҳолиро ба маълумот, маориф ва хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар намуда, нобаробарии минтақавӣ ва мушкилоти табииро коҳиш медиҳанд ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро боло мебаранд. Истифодаи системаҳои рақамӣ дар самти амниятӣ метавонад дар таҳкими амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти миллӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҷиноятҳои рақамӣ ва ҳамлаҳои иттилоотӣ нақши муҳим бозад.
Бо назардошти ин омилҳо рушди ҳамоҳанг ва стратегияи дарозмуддати ин соҳаҳо барои таъмини суботи миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистон низ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Бо назардошти муҳиммият ва аҳамияти фарогири рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар мамлакат бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» тасдиқ карда шуд.
Дар ҳамин замина рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ таъкид карда шуда, бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд.
Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки «имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем».
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки бо мақсади истифодаи имконияти зеҳни сунъӣ дар раванди рушд Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва маҷмааи марказҳои коркарди «маълумоти сабз» таъсис дода шавад.
Дар ин робита, зимни муқоисаи паёмҳои Сарвари давлат метавон мушоҳида намуд, ки масъалаи рақамисозӣ ва истифодаи технологияҳои муосир тадриҷан ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар паёмҳои солҳои пешин бештар ба рушди инфрасохтори анъанавӣ ва саноат таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд. Аммо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 иқтисоди рақамӣ ҳамчун муҳаррики нави рушди иқтисодӣ ва омили баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ баррасӣ гардид.
Ин тағйирот нишон медиҳад, ки давлат зарурати мутобиқ шудан ба иқтисоди донишбунёд ва технологиро дарк кардааст. Иқтисоди рақамӣ инчунин метавонад ба коҳиши нобаробарии минтақавӣ мусоидат намояд. Технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки хизматрасониҳо ва имконоти иқтисодӣ ба минтақаҳои дурдаст низ дастрас гарданд. Барои Тоҷикистон, ки дорои минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ мебошад, ин раванд метавонад ба рушди мутавозини иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷанба таваҷҷуҳ зоҳир гардида, иқтисоди рақамиро ҳамчун воситаи баланд бардоштани фарогирии иҷтимоӣ арзёбӣ мекунад.
Бо мақсади таҳкими равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди мамлакат давраи солҳои 2025–2030 ҳамчун марҳилаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муайян карда шудааст. Дар ин замина равшан аст, ки пешрафти самараноки ин соҳаҳо, пеш аз ҳама, ба сатҳи омодасозии кадрҳои баландихтисос вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, таъкид шудааст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ бояд барномаҳои таълимӣ дар самти омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ ҷорӣ гардида, барои рушди устувори иқтисоди рақамӣ заминаи боэътимод фароҳам оварда шавад.
Яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди рақамӣ захираҳои инсонӣ мебошад. Инноватсияву технология ва зеҳни сунъӣ наметавонанд бе мутахассисони соҳибихтисос рушд ёбанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди фарҳанги технологӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
Зимни пешниҳоди Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати мутобиқ сохтани низоми маориф ба талаботи иқтисоди рақамӣ ишора мешавад, ки ин нишондиҳандаи таваҷҷуҳи бештар ба иқтисоди донишбунёд мебошад.
Дар идомаи ин ташаббусҳо аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат зарурати тарбияи кадрҳо, омодасозии кадрҳои дорои саводу дониши баланди инноватсионӣ, донишмандону олимоне, ки бо ин ҳама дастовардҳои асри техникаву технология шиносанд, муҳим дониста шуд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Вобаста ба ин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025 Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамчун пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур таъсис дода шуда, барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа шароит ва заминаҳои мусоидро фароҳам сохтааст.
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар тобеияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳоло мутахассисонро аз рӯйи 39 ихтисос дар зинаи бакалавриат (шакли рӯзона ва фосилавӣ), магистратура ва докторантураи PhD дар 9 кафедра омода мекунад.
Мутахассисон аз рӯйи самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, муҳандисӣ, иқтисоди рақамӣ, молия, таълимоти касбӣ, технологияҳои тиббӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайра омода карда мешаванд.
Дар ин муассиса, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис гардидааст, дар айни замон 218 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 8 нафар доктори илм ва 42 нафар номзади илм мебошанд.
Теъдоди умумии донишҷӯён ҳудуди 2500 нафарро ташкил дода, онҳо дар зинаи бакалавриат ва магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 497 донишҷӯ маҳз дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ таҳсил доранд, ки ин аллакай имкони фаъолияти ҳамин шумора кадрҳои соҳибихтисосу соҳибтаҷрибаро дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти кишвар бо омӯзиши мукаммали инноватсияҳои навин кафолат медиҳад.
Донишгоҳ дар ҷараёни фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва таҳқиқотии муҳассилон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро дар марҳилаи якум (солҳои 2023–2025) ва эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»-ро дар маркази диққат қарор додааст.
Дар ҷараёни таълиму тарбия ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд:
— омода намудани адабиёти таълимӣ дар самти зеҳни сунъӣ бо забони давлатӣ;
— такмили заминаи техникию технологии муассиса;
— омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар самти зеҳни сунъӣ;
— такмили барномаҳои таълимӣ ва мутобиқ сохтани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ;
— таъмини дастрасии васеъ ва босифат ба интернет;
— коркарди пешниҳодҳои илман асоснок;
— баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ;
— гузариш ба ҳукумати электронӣ;
— омодасозии кадрҳои амалӣ.
Бо ин мақсад соли 2025 дар донишгоҳ 10 ихтисоси нав таъсис дода шуд.
Донишгоҳ ҳамчунин бо мақсади мубодилаи донишу таҷриба бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ пайваста чораҷӯӣ намуда, аҳамияти табодули дастовардҳои илмиро бузург мешуморад.
Бо ин мақсад 88 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд ва зиёда аз 10 мутахассиси хориҷӣ ҷалб гардиданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастгириро идома медиҳад ва айни ҳол таъсиси 3 литсейи ихтисосӣ дар назди донишгоҳ баррасӣ мешавад.
Шаҳриёр САЪДУЛЛОЗОДА
ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/