Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ
Дар бораи марказ
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) воҳиди муҳими сохтории донишгоҳ буда, фаъолияти худро дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таъмини фаъолияти устувори системаҳои иттилоотӣ ба роҳ мондааст.
Марказ дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва оинномаи донишгоҳ фаъолият намуда, барои фароҳам овардани муҳити муосири таълимию иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии Маркази ТИК ин рушди фазои ягонаи иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи истифодаи технологияҳои муосир ва дастгирии раванди таълим бо истифода аз воситаҳои рақамӣ мебошад.
Марказ барои рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои IT ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ пайваста тадбирҳо меандешад.
Самтҳои асосии фаъолияти марказ
Ҳайати кормандон
Ҳайати кормандони марказ аз сардори марказ ва мутахассисони соҳибтаҷриба иборат буда, дорои дониш ва малакаҳои зарурӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошанд. Онҳо фаъолияти мунтазамро барои таъмини кори босифати шабакаҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ амалӣ менамоянд.