Асосӣ
Донишгоҳ
Таълим
Илм ва рушди рақамӣ
Фаъолияти тарбиявӣ
Муносибатҳои байналмилалӣ
Довталаб - 2026
TJ EN

Номгӯи ҳуҷҷатҳо



Ҳуҷҷатҳои қабул

Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ


Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабон ба комиссияи қабули Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд

Довталабоне, ки тибқи рӯйхати ММТ, барои идомаи таҳсил ё гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат месупоранд:
  1. 1. Аризаи довталаб (дар комиссияи қабул тартиб дода мешавад);
  2. 2. Ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ);
  3. 3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
  4. 4. Сурати андозаи 3×4 (6 адад);
  5. 5. Шиноснома (асл ва нусха);
  6. 6. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (асл ва нусха);
  7. 7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад);
  8. 8. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад): шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ, ҳуҷҷати ятимӣ, ҳуҷҷати бепарасторӣ, тавсиянома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
Диққат! Барои довталабоне, ки таҳсил ба тариқи шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо пардохти маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.
Довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда мешаванд:
  1. 1. Аризаи довталаб (дар комиссияи қабул тартиб дода мешавад);
  2. 2. Ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ);
  3. 3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
  4. 4. Сурати андозаи 3×4 (6 адад);
  5. 5. Шиноснома (асл ва нусха);
  6. 6. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (асл ва нусха);
  7. 7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад);
  8. 8. Қарори Шӯрои педагогии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ;
  9. 9. Тавсияи шуъбаи маорифи шаҳр/ноҳия;
  10. 10. Роҳхати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр/ноҳия;
  11. 11. Тавсифномаи довталаб;
  12. 12. Қарордоди сетарафа (шаҳр/ноҳия, донишгоҳ, донишҷӯ).