4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Ба хотири истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб фаъолон ва ҷавонон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ-ҳунариро пешниҳод намуданд.
Истиқболи гарму самимӣ, шодиву нишоти сокинон ва иштироки васеи намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ин чорабинӣ аз эҳтирому муҳаббати самимии мардум ба Ватан ва Роҳбари давлат шаҳодат дода, рӯҳияи баланди ваҳдату ҳамдилӣ ва ифтихори миллиро бозгӯ намуд.
Суруду таронаҳои дилнишин ва барномаҳои фарҳангии пешниҳодгардида ҳамбастагӣ, иттиҳоду дӯстӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро тараннум намуда, фазои тантанавии истиқболи Пешвои миллатро боз ҳам пуршукӯҳ гардониданд.