ДАСТОВАРДИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Боиси ифтихор аст, ки намояндагони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Қурбонзода Алӣ — ассистенти кафедраи технологияҳои барномасозӣ, номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ».
Розиқов Саймуҳаммад ва Ятимов Худобахш — номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ».
Қурбонов Фирӯз — номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ»;
Шарифов Муҳаммадамин — номинатсияи «Математика».
Ин дастовардҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи донишгоҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон, таҳкими тафаккури илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир шаҳодат медиҳанд.
Ба ҳамаи ғолибон ва иштирокчиён комёбиҳои нав дар роҳи илмомӯзӣ ва фаъолияти касбӣ орзумандем!