БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ-ВАТАНДӮСТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси факултети муҳандисӣ дар толори китобхонаи донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти факултет, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти таърихию сиёсии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, ҳамчун заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, энергетика ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.
Ҳамзамон, ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу илм, иқтисод, саноат, энергетика, технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Дар идомаи чорабинӣ нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар дар ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардид.
Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ дар фазои баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими мавқеи фаъоли донишҷӯён дар ҳаёти ҷомеа мусоидат намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз, таҳким ва ҳимояи пайвастаи ҳар як шаҳрванди кишварро тақозо менамояд.