ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОНИИ ҲАРБИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои низомӣ, мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа ва қишрҳои гуногуни кишвар роҳпаймонии ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ устодону омӯзгорони Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва дар либоси ҳарбӣ иштироки фаъолона намуданд.
Иштироки устодони донишгоҳ бо либоси ҳарбӣ дар роҳпаймонии тантанавӣ ифодагари эҳтироми амиқ ба Ватан, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва хизмат ба ҷомеа буда, аз мавқеи устувори аҳли маориф дар ҳимоя ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад.
Устодону омӯзгорон дар баробари дигар иштирокчиёни роҳпаймонӣ бо қадамҳои мутантан ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ аз назди минбари тантанавӣ гузашта, садоқати худро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ иброз намуданд.
Чунин чорабиниҳои бошукӯҳ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, инчунин тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан аҳамияти муҳим доранд.
Иштироки аҳли донишгоҳ дар ин чорабинии бошукӯҳ бори дигар собит намуд, ки омӯзгорон ҳамчун пешбарандагони маърифату фарҳанг дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши арзанда доранд.