ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи сокинони кишвар роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳи идона ҳайати Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон — омӯзгорон ва донишҷӯён — фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдории соҳибистиқлол дар роҳпаймоӣ ҳузур пайдо карданд.
Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстона дар фазои тантанавӣ аз дастоварду пешрафтҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори ифтихор намуда, эҳсоси садоқат ва муҳаббати хешро ба Ватан ифода карданд.
Роҳпаймоии идона яке аз чорабиниҳои муҳими таҷлил аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад.
Иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо аз мавқеи устувори насли ҷавон дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ — рамзи соҳибихтиёрӣ, давлатдории миллӣ ва ояндаи созандаи Тоҷикистон аст.