ЗЕҲНИ СУНЪӢ — САМТИ НАВИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз омилҳои муҳими тағйирёбии ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Имрӯз истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ танҳо ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ маҳдуд нашуда, балки ба соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, кишоварзӣ, энергетика, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ворид гардидааст. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи самаранок, бехатар, масъулона ва одилонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар чунин шароит ташаббусҳои кишварҳои рӯ ба рушд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аҳаммияти хос пайдо мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки аҳаммияти технологияҳои муосир ва нақши онҳо дар таъмини рушди устувор дар ин раванд мавқеи фаъолро ишғол намудааст. Яке аз намунаҳои муҳими чунин иқдом пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки қатъномаи махсус оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ қабул карда шавад.
Ин ташаббус дар марҳилаи муҳими рушди технологияҳои рақамӣ пешниҳод гардида, баъдан дар сатҳи байналмилалӣ мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.
ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СММ ВА АҲАММИЯТИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи A/RES/79/322 таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод гардида, бидуни овоздиҳӣ қабул шуд.
Қабули чунин санади байналмилалӣ аҳаммияти назаррас дорад, зеро он масъалаи зеҳни сунъиро аз доираи сиёсати миллии кишварҳо берун оварда, ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебарорад. Дар қатънома зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишварҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди барномаҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳо, инчунин дастрасӣ ба моделҳои кушодаи зеҳни сунъӣ ва захираҳои ҳисоббарорӣ таъкид шудааст.
Моҳияти муҳими ташаббуси Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки зеҳни сунъӣ на ҳамчун ҳадафи мустақил, балки ҳамчун воситаи муҳими расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ мегардад. Ба ибораи дигар, технология бояд ба беҳтар намудани сифати зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ, густариши имкониятҳои таҳсил, пешрафти илм, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Вобаста ба ин, пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ низ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифт. Ин ташаббус дар заминаи рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши нақши зеҳни сунъӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосир аҳаммияти хосса пайдо менамояд.
Эълон гардидани чунин рӯз метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имкониятҳо ва дурнамои истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин масъалаҳои истифодаи масъулона, бехатар ва одилонаи он заминаи мусоид фароҳам оварад.
Аҳаммияти ин ташаббус, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун падидаи муҳими технологӣ бо доираи васеи масъалаҳои рушди устувор, пешрафти илм, такмили низоми маориф, рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ иртиботи мустақим дорад. Аз ин рӯ, муайян намудани рӯзи байналмилалии марбут ба зеҳни сунъӣ метавонад ба ташаккули фарҳанги истифодаи масъулонаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ мусоидат намояд.
Дар ин замина, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аҳаммияти стратегӣ касб мекунанд. Тоҷикистон бо пешниҳоди масъалаҳои марбут ба технологияҳои муосир дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш менамояд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати истифодаи имкониятҳои илму техника ба манфиати рушди устувор ҷалб намояд.
Дар маҷмӯъ, чунин ташаббусҳоро метавон ҳамчун қадами муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми масъалаҳои технологӣ дар рӯзномаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Онҳо метавонанд ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, рушди иқтидори кадрӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи дастовардҳои зеҳни сунъӣ ба манфиати инсоният мусоидат кунанд.
Аз ин лиҳоз, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт на танҳо аҳаммияти технологӣ, балки аҳаммияти бузурги илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ доранд. Ин иқдомҳо метавонанд ба ташаккули муносибати нави ҷомеа нисбат ба технологияҳои зеҳни сунъӣ, истифодаи оқилона ва масъулонаи имкониятҳои онҳо ва фароҳам овардани замина барои рушди устувори ҷомеа мусоидат намоянд.
Бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонии рушди технологияҳои рақамӣ метавон гуфт, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ бозгӯи сиёсати дурбинона ва таваҷҷуҳи ҷиддии давлат ба масъалаҳои илму технология мебошанд. Пешниҳоди чунин ташаббусҳо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Зеҳни сунъӣ имрӯз танҳо як дастоварди технологӣ нест, балки ба воситаи муҳими рушди ҷомеаи оянда табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ, истифодаи масъулона ва таъмини дастрасии баробар ба имкониятҳои он метавонанд барои пешрафти устувор ва беҳтар гардидани зиндагии инсоният нақши муҳим гузоранд.
Исозода Собир,
муовини ректор оид ба илм ва рушди рақамии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон