БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Яздонзода Исфандиёр аз рафти корҳои сохтмонӣ, таҷдиду навсозии биноҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Литсейи инноватсионии назди донишгоҳ боздид ба амал овард.
Зимни боздид муҳтарам Яздонзода Исфандиёр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, таҷдид, ободонӣ ва навсозӣ аз наздик шинос шуда, ба сифат ва сатҳи иҷрои корҳои анҷомёфта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва муҳайё намудани муҳити ҷавобгӯ ба талаботи замон аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди илму маориф ба ҳисоб меравад.
Таҷдиду навсозии биноҳои донишгоҳ ва Литсейи инноватсионии назди он барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фаъолияти самараноки омӯзгорону кормандон ва донишандӯзии донишҷӯёну хонандагон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Айни замон корҳои сохтмонӣ, таҷдидӣ ва навсозӣ дар биноҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва Литсейи инноватсионии назди донишгоҳ бо маром идома дошта, масъулон барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Таҷдиду навсозии иншооти таълимӣ ҳамчун қисми муҳими корҳои созандагиву ободонӣ ба беҳтар гардидани симои донишгоҳ ва литсей, таҳкими инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои таълиму тарбияи насли донишманд, соҳибмаърифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат хоҳад намуд.