РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» ҚАДРДОНӢ ГАРДИД
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозода барои хизматҳои шоиста, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф, илм ва технологияҳои рақамӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Ин қадршиносии давлатӣ нишонаи эътирофи заҳматҳои содиқона, фаъолияти самараноки роҳбарӣ ва саҳми назаррас дар рушди илму маориф, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва пешбурди технологияҳои рақамӣ дар кишвар мебошад.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ректори донишгоҳ, дотсент Шаҳриёр Саъдуллозодаро ба муносибати сарфароз гардидан бо ин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, неруи созанда ва дар фаъолияти минбаъдаи роҳбариву илмӣ дастоварду комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.
Мукофоти давлатӣ муборак, муҳтарам ректор!