Санаи 21 августи соли 2026 дар бинои IT-Park Dushanbe мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зоҳир гардид.
Ҳамзамон дар идомаи мулоқот масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ, аз ҷумла тавассути табодули донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати густариши робитаҳо миёни бахшҳои хусусии ду кишвар, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, стартапҳо ва марказҳои инноватсиониро таъкид намуданд. Дар ин самт, имкониятҳои ташкили миссияҳои тиҷоратӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки технологӣ, ки метавонанд дар оянда ба рушди шарикиҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд, баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати татбиқи тавофуқоти бадастомада иброз намуданд.