Шоми 14 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Истиқлол» баргузор гардид.
Барномаи идона бо иштироки Ансамбли «Нури Ваҳдат»-и Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, ба таҷлили арзишҳои муқаддаси истиқлолият, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳангу ҳунари миллӣ бахшида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳунармандони ансамбл бо суруду таронаҳои дилнишин, оҳангҳои миллӣ, рақсу иҷроҳои ҷолиб ба барномаи идона ҳусни тоза бахшиданд. Садои мусиқии миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона фазои боғро фаро гирифта, рӯҳияи идона ва эҳсоси ифтихори миллиро дар миёни иштирокчиён ба вуҷуд овард.
«Шоми Истиқлол» на танҳо як барномаи фарҳангӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол ба ҳисоб меравад.
Истиқлол барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи озодӣ, худшиносии миллӣ, давлатдорӣ ва ояндаи созанда буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.