Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои созанда ва ҷалби имкониятҳои нав дар самти рушди технологияҳои рақамӣ, 13 августи соли 2026 ҳайати намояндагони Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» аз Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид меҳмонон бо иқтидори моддию техникии Донишгоҳ, имкониятҳои таълимию озмоишгоҳӣ ва шароити фароҳамовардашуда барои омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, намояндагони лоиҳа бо ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳ мулоқот намуда, бо фаъолияти таълимию илмӣ ва самтҳои асосии омодасозии кадрҳои соҳаи технологияҳои рақамӣ шинос гардиданд.
Дар идомаи боздид мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳ бо ҳайати меҳмонон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои Лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон», аз ҷумла рушди инфрасохтори ҷамъиятии рақамӣ, таҳкими амнияти киберӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон дар самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо шарикони рушд боз ҳам тақвият ёфта, барои омодасозии мутахассисони рақобатпазир, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои муосири рақамӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, таҳкими робитаҳои муштарак ва татбиқи ташаббусҳои нав дар самти рақамикунонӣ иброз доштанд.
Боздиди мазкур қадами муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон бо шарикони рушд ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи иқтидори таълимӣ, илмӣ ва касбӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.