Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии Erasmus+ Capacity Building in Higher Education (CBHE) – 2026 ғолиб омада, сазовори гранти Комиссияи Аврупо гардид.
Дар доираи ин озмуни байналмилалӣ, лоиҳаи UNI2CARE (Integrated AI-based Career Ecosystem for Employability and Skills Development in Uzbekistan and Tajikistan), ки ба ташкили экосистемаи ҳамгирошудаи рушди касбӣ дар заминаи зеҳни сунъӣ барои мусоидат ба шуғл ва рушди малакаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон равона гардидааст, аз ҷониби Комиссияи Аврупо мавриди дастгирӣ қарор гирифт.
Татбиқи ин лоиҳаи муҳим имконият фароҳам меорад, ки дар Донишгоҳ экосистемаи муосири рушди касбӣ дар асоси технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) таъсис дода шуда, малакаҳои касбии донишҷӯён тақвият ёбанд ва имкониятҳои рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат васеъ гарданд. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳаи таҳсилоти олӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти Донишгоҳ ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Интихоб гардидани Донишгоҳ дар байни садҳо пешниҳодҳои байналмилалӣ нишонаи эътирофи сатҳи баланди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дурнамои устувори рушд ва мавқеи пешсафи он дар самти технологияҳои рақамӣ мебошад.
Маркази иттилоот ва тарғибот
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!
iDT University – Your Success Code!