Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон қабул шудаанд, расонида мешавад, ки онҳо метавонанд ҳамарӯза тибқи реҷаи корӣ аз соати 08:00 то 17:00 ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссияи қабули Донишгоҳ пешниҳод намоянд.
📍 Макони қабули ҳуҷҷатҳо:
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, 9/1
📋 Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- ҳуҷҷат дар бораи маълумот (аттестат ё диплом) – асл ва нусха;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);
- 6 (шаш) дона расми андозаи 3×4 см;
- шиноснома – асл ва нусха;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда – асл ва нусха;
- хислатнома аз ҷойи кор ё аз охирин муассисаи таълимӣ;
- ҷувздони ҳуҷҷатҳо (дело-скоросшиватель);
- дигар ҳуҷҷатҳои иловагӣ (дар ҳолати мавҷуд будан).
⏳ Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо:
То 6 августи соли 2025
☎️ Тамос:
+992 98 524-70-82
+992 333-500-500
📧 Почтаи электронӣ:
info@uidt.tj
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон
«Донишгоҳи инноватсия – рамзи муваффақияти ту!»