17 июли соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: Футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ноиби якуми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Президенти FIFA Ҷованни Инфантино ва Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер иштирок намуда, нақши футбол ва технологияҳои муосирро дар таҳкими солимии равонӣ, рушди ҷавонон ва густариши ҳамгироии иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, футбол метавонад бо истифода аз платформаҳои рақамӣ, воситаҳои муосири иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, тарғиби арзишҳои инсонӣ ва рушди фарҳангӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ташаббуси байналмилалии эълон намудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол-ро пешниҳод намуд, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, имрӯз ба таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Дар доираи чорабинӣ видеои маъракаи «Тӯбро ба дигар нафар парто», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон таҳия гардидааст, намоиш дода шуда, истифодаи васеи воситаҳои рақамии иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои солимии равонӣ ва некӯаҳволӣ намунаи муваффақи ҳамгироии варзиш ва технология арзёбӣ гардид.
Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ бори дигар нишон медиҳад, ки кишвар на танҳо дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии соҳаи варзиш, балки дар истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ ва инноватсия барои рушди устувор, солимии равонӣ ва беҳбудии сифати зиндагии ҷавонон низ мавқеи фаъол дорад.