Дар ҳошияи Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI for Good Global Summit), ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардиданд, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар ҷаласаи сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ба ҳайси Ҳамоҳангсози Гурӯҳ аз номи кишварҳои узви он суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ мавқеи муштараки кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ оид ба таҳкими пайвастшавии рақамӣ, татбиқи самараноки ҳадафҳои Барномаи амалии Аваза барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти технологияҳои рақамӣ баён гардид.
Ҳамзамон, таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, пешбурди инноватсия, татбиқи технологияҳои муосир ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ муаррифӣ шуданд.
Дар суханронӣ инчунин зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба зерсохтори рақамӣ, коҳиш додани нобаробарии рақамӣ ва таъмини дастрасии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ба технологияҳои пешрафта таъкид гардид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ва суханронӣ аз номи Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) бозгӯи нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии рушди рақамӣ, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.