9 июни соли 2026 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими гузоштани санги асос ба сохтмони маҷмааи муосири технологӣ ва инноватсионии «IT Hub Dushanbe» баргузор гардид.
«IT Hub Dushanbe» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он ташаккули экосистемаи муосири иқтисоди рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, дастгирии соҳибкории технологӣ, тавсеаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос мебошад.
Зимни муаррифии лоиҳа директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Хуршед Мирзо иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳа 100 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад.
Маҷмаа дар масоҳати зиёда аз 53 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор иншооти асосӣ иборат хоҳад буд:
• Dushanbe IT School – муассисаи муосири таълимӣ барои омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ бо имконияти фарогирии то 1500 нафар хонанда ва донишҷӯ;
• Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе – маркази тадқиқотӣ ва инноватсионӣ бо инфрасохтори пешрафтаи ҳисоббарорӣ ва маркази коркарди додаҳо;
• IT Park Dushanbe – маркази рушди стартапҳо, соҳибкории рақамӣ ва ҷалби сармоягузорӣ;
• IT Business Center – маркази муосири корпоративӣ барои ҷойгиршавии ширкатҳои байналмилалии технологӣ ва ташкилотҳои пешрафта.
Тибқи лоиҳа, дар маҷмаа барои зиёда аз 5000 нафар фазои корӣ муҳайё гардида, барои фаъолияти садҳо ширкатҳои технологӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи «IT Hub Dushanbe» ҳамчун платформаи миллии рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди содироти хизматрасониҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз марказҳои нави технологӣ дар минтақа заминаи устувор фароҳам хоҳад овард.
Бунёди маҷмааи мазкур қадами муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими иқтидори технологию инноватсионии кишвар арзёбӣ мегардад.