Дар Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон рӯзҳои 23–24 апрели соли 2026 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Татбиқи низоми рақамӣ дар соҳаи маориф: навоварӣ ва зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.
Дар доираи конференсия масъалаҳои муҳими марбут ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми маориф, истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, такмили усулҳои омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокчиён оид ба роҳҳои ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ, таҳияи захираҳои таълимии электронӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир бо равандҳои педагогӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилоту идораҳои дохил ва хориҷи кишвар фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои илмии худро пешниҳод карданд.
Муҳокимаҳои илмӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуданд.
Конференсия ҳамчун як платформаи муҳими илмӣ барои табодули таҷриба ва пешниҳоди ғояҳои инноватсионӣ дар самти рақамикунонии маориф ва татбиқи зеҳни сунъӣ арзёбӣ гардид.
Бахши дуюм
president.tj
maorif.tj
kjv.tj/