Асосӣ
Донишгоҳ
Таълим
Илм ва рушди рақамӣ
Фаъолияти тарбиявӣ
Муносибатҳои байналмилалӣ
Довталаб - 2026
TJ EN

Маркази таҷрибаомӯзӣ



Марказ

Маркази рушди касбият

Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон

Маркази рушди касбият зертобеи Раёсати таълимӣ - методӣ ва идораи сифати таҳсилот ва ҷузъи сохтории Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон буда, бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ ва хатми донишҷӯён амалӣ менамояд.

Вазифаи стратегии Марказ — ин баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони варзида барои фаъолият дар соҳаҳои саноати кишвар, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрока, соҳаи сайёҳат ва меҳмондорӣ, инчунин соҳаҳои биотехнология, мошинсозӣ, дорусозӣ, энергетика, стандартизатсия ва сертификатсия, сохтмон, заминсозӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки донишу малакаи мукаммали техникӣ-технологӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро талаб мекунанд.

Сохтор ва идораи Марказ


Бахши кор бо хатмкунандагон

Аттестатсияи хатм дар зинаҳои бакалавриат натиҷаи фаъолияти илмӣ ва таълимию методии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Рисолаи хатм — дастовардест, ки дар он тамоми натиҷаҳои дониши назариявию амалӣ, малакаҳои омӯзиши манбаъҳо, таҳлилу тасниф ва хулосаву натиҷагириҳои муаллиф инъикос меёбанд.


Бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Бахши таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо мақсади пайванди илм бо истеҳсолот, ташкилу ҳамоҳангсозии алоқаи байни донишҷӯён ва омӯзгоронро зимни гузаронидани корҳои таълимию таҷрибавӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва илмию методиро дар корхонаҳои шарик амалӣ менамояд.

Рӯйхати корхонаҳои шарик

  • ҶДММ «Иқлим»-и шаҳри Кӯлоб
  • ҶММ «Ресандаи - Кӯлоб»
  • ҶММ «Ваҳдат-текстайл»
  • ҶДММ «Ориён - Рустам»
  • ҶДММ «Ҳикмат»
  • Маркази саломатии №2-4
  • Раёсати стандартизатсия ва метрология
  • ҶСШК «Комбинати шир»
  • ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
  • Заводи Алюминии Тоҷик (Талко)
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Зари Кӯлоб»
  • ҶДММ «Ғайрат»-и шаҳри Кӯлоб